БА МАЪЛУМОТИ МУАЛЛИФОН
Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.
Мақолаҳо бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гуна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд.
Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:
Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода ва бо ҳуруфи Times New Roman таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад.
Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад.
Сохтори мақола бояд бо ин тартиб таҳия гардад:
– индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
– номи мақола;
– насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Шарипов Д.М. ва набояд шумораи муаллифон аз 6 нафар бештар бошад);
–номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;
–матни асосии мақола;
– аннотатсия ва калидвожаҳо;
– номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия набояд камтар аз 150-200 калима буда, калидвожаҳо дар ҳаҷми аз 7 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад ва дар аввали мақола оварда шавад;
– рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд аз 10-25 номгӯи адабиёти илмӣ иборат бошад. Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.
– дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишғолнамуда, телефон, e-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф.
Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад.
Нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд сафеду сиёҳ буда, рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин, онҳо бояд бо забонҳои русӣ ва англисӣ номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.
Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад.
Мақолаҳое, ки аз ҷониби муқарризон ба чоп тавсия намешаванд, на дар маҷалла нашр мегарданд ва на ба муаллифон баргардонда мешаванд.