Здесь нашел интересный обзор

Маҷаллаи илмии

«Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»

ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.

Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.

Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.

Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.

Мақолаи илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.

Мақолае, ки ба он тақризи мусбат дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.

Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.

Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.

Тақризҳо дар нашрияи маҷалла ба муддати 5 сол нигоҳдорӣ мешаванд.

ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

БАХШИ ИЛМҲОИ ГЕОЛОГӢ ВА ТЕХНИКӢ

Маҷаллаи илмии «Илм ва инноватсия. Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктор Ph.D ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантон, докторантони Ph.D, унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин, дигар мактабҳои олии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёт мегарданд, мувофиқат менамоянд. Феҳристи мазкур бо Фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 20 феврали соли 2015, №114 ба амал бароварда шудааст (Феҳристи мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Русия аз 21 апрели соли 2015, №36946 ба қайд гирифта шудааст).

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ба қайд гирифта шуда, роҷеъ ба шумораҳои нашрнамудаи худ ба РИНЦ маълумот пешниҳод менамояд. Мундариҷаи маҷалла дар шакли фишурдаҳо ва калидвожаҳо ба ИИИР (РИНЦ) ворид карда мешавад. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии он дастрас мебошад. Ҳамаи маълумотҳо дар сомонаи расмии маҷалла дастрас мебошанд.

Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 10 доктори илм ва 3 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ тартиб дода шудаанд.

Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2664-1534).

Бахшҳои асосии маҷалла:

– илмҳои геологӣ;

–илмҳои техникӣ.

 

БА МАЪЛУМОТИ МУАЛЛИФОН

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.

Мақолаҳо бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гуна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд.

Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:

Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода ва бо ҳуруфи Times New Roman таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад. 

Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад.

Сохтори мақола бояд бо ин тартиб таҳия гардад:

– индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);

– номи мақола;

– насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Шарипов Д.М. ва набояд шумораи муаллифон аз 6 нафар бештар бошад);

–номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;

–матни асосии мақола;

– аннотатсия ва калидвожаҳо;

– номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия набояд камтар аз 150-200 калима буда,  калидвожаҳо дар ҳаҷми аз 7 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад ва дар аввали мақола оварда шавад;

– рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд аз 10-25 номгӯи адабиёти илмӣ иборат бошад. Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.

– дар охири мақола бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишғолнамуда, телефон, e-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф.

Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ]  нишон дода шавад.

Нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд сафеду сиёҳ буда, рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин, онҳо бояд бо забонҳои русӣ ва англисӣ номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.

Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад.

Мақолаҳое, ки  аз ҷониби муқарризон ба чоп тавсия намешаванд, на дар маҷалла нашр мегарданд ва на ба муаллифон баргардонда мешаванд.

  

 

Сармуҳаррир:

ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

   
© Таджикский национальный университет